TojNews: Муовини раиси «Тоҷиксодиротбонк» аз Тоҷикистон фирор кардааст

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Фирдавс Бердиев, муовини раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба хориҷ аз кишвар фирор кардааст. Бино ба маълумоти агентии иттилоотии TojNews бо такя ба манобеи худӣ, Фирдавс Бердиев баъди муваққатан барканор шуданаш аз вазифаи муовини раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ба Аврупо, ба гумони ғолиб ба Швейтсария фирор кардааст, аммо ин иттилоъро дар низоми бонкӣ касе […]

TojNews



Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Фирдавс Бердиев, муовини раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба хориҷ аз кишвар фирор кардааст.

Бино ба

маълумоти

агентии иттилоотии TojNews бо такя ба манобеи худӣ, Фирдавс Бердиев баъди муваққатан барканор шуданаш аз вазифаи муовини раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ба Аврупо, ба гумони ғолиб ба Швейтсария фирор кардааст, аммо ин иттилоъро дар низоми бонкӣ касе тасдиқ намекунад.

Ёдрас мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 майи соли 2016 раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода ва 6 нафар муовинони ӯро муваққатан аз мансабҳояшон барканор намуда, барои беҳбуд бахшидан ба вазъи молии муассиса, аз ҳисоби намояндагони Бонки миллӣ дар ин бонк маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ кард.

TojNews менависад, алҳол се фарзияи фирори муовини раиси “Тоҷиксодиротбонк” баррасӣ мешавад: 1) Бердиев аз тарси муттаҳамшавӣ ва бо ташаббуси худ кишварро тарк кардааст;  2) ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо нафароне аз Раёсати бонк фирор намудааст ва 3) муовини раиси бонк иттилоъ ёфтааст, ки сабабҳои ба буҳрон гирифтор шудани бонкро ба дӯши ӯ зада, ӯро “боми пастак” эълон кардан мехоҳанд.

Масъулини “Тоҷиксодиротбонк” аз тасдиқ ва ё рад кардани ин хабар ба TojNews худдорӣ карданд. Як корманди Дастгоҳи марказии бонк гуфтааст, “Фирдавс Бердиев муваққатан аз вазифааш дур карда шудааст ва ҳоло намедонад, ки ӯ дар куҷост.”

Гуфта мешавад, кӯшишҳои хабаргузорӣ барои суҳбат бо худи Фирдавс Бердиев бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Фирдавс Бердиев 33-сол дошта, хатмкардаи факултаи “Робитаҳои байналхалқӣ”-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамчунин хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Қаблан Фирдавс Бердиев, яке аз мудироти ширкати “Нахуст лизинг” буд, ки гуфта мешуд, ба Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” тааллуқ дорад.

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз чор бонки бузурги кишвар аст, ки ҳудудан 20-30 дарсади низоми бонкии кишварро дар даст дорад. Моликони аслии “Тоҷиксодиротбонк” чор ширкат: ҶСК “Евразия”, “Мелодиён “ ва “Эҳсон” мебошанд, ки аввалӣ беш аз 58 дарсади саҳмияҳои бонкро доро мебошад. Дуи дигар, дар алоҳидагӣ 11 фоизи саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доранд. Моликони ширкати “Евразия” Тоҷиддин Пирзода ва шахсе бо номи Забҳулло Нурруллоев мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.