Боздошти як тоҷик бо шиносномаи сохтаи қирғизӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо шиносномаи сохта марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро гузаштанӣ буд, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз боздошт шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон, рӯзи 11 август яке аз гузаргоҳҳо марзбонон шаҳрванди Тоҷикистонро барои кӯшиши убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, зимни санҷиши шиноснома шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи хориҷиро пешниҳод намудааст, […]

Asia--Plus



Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо шиносномаи сохта марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро гузаштанӣ буд, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз боздошт шуд.

Бино ба

маълумоти

маркази матбуоти Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон, рӯзи 11 август яке аз гузаргоҳҳо марзбонон шаҳрванди Тоҷикистонро барои кӯшиши убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, зимни санҷиши шиноснома шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи хориҷиро пешниҳод намудааст, ки ба номи шаҳрванди Қирғизистон дода шудааст ва дар он марзбонон аломатҳои сохтакориро ошкор кардаанд.

«Тоҷикистоние, ки кӯшиши убури марзи давлатии Қирғизистону Қазоқистонро дошт, ба барои дарёфти кор ба Қазоқистон рафтанӣ будааст», – таъкид мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз анҷоми расмиёти ҳуҷчатҳои дахлдор, боздоштшуда ба ихтиёри кормандони воҳиди минтақавии КДАМ Қирғизистон супурда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.