Азнавсозии нерӯгоҳи Норак: ҳамаи 9 агрегат иваз мешавад

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз, 12 август конфронси сатҳи баланд оид ба баррасии лоиҳаи азнавсозии нерӯгоҳи Норак доир гардид, ки ҳадафи аслии баргузории он ҳамоҳангсозии амалҳои шарикон дар масъалаи ҷалби сармоягузорӣ барои таҷдиди нерӯгоҳ аст. Дар кори конфронс нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саид, ёвари президент оид ба масоили иқтисодӣ Фаррух Ҳамраализода, […]

Asia--Plus



Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз, 12 август конфронси сатҳи баланд оид ба баррасии лоиҳаи азнавсозии нерӯгоҳи Норак доир гардид, ки ҳадафи аслии баргузории он ҳамоҳангсозии амалҳои шарикон дар масъалаи ҷалби сармоягузорӣ барои таҷдиди нерӯгоҳ аст.

Дар кори конфронс нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саид, ёвари президент оид ба масоили иқтисодӣ Фаррух Ҳамраализода, вазири молия Абдусалом Қурбониён, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, намояндагони Бонқи ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки осиёгии сармоягузорӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Вазрати рушди байнулмилалии Британияи Кабир иштирок карданд.

Дар конфронс таъкид шуд, ки барои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи Норак, ки дар ду марҳила амалӣ мешавад, дар маҷмӯъ тақрибан 700 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Дар доираи корҳои азнавсозии нерӯгоҳ ивази ҳамаи 9 агрегат, 6 автотрансформатор ва ҳамчунин анҷоми корҳои таҳкими сарбанд ва обпартоҳо дар назар аст.

Нерӯгоҳи барқи обии Норак дар дарёи Вахш воқеъ аст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, агрегати аввал соли 1972 ва агрегати охирин – соли 1979 ба истифода дода шуд. Дар нерӯгоҳ 9 агрегат бо иқтидори умумии 3000 мВт насб шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.