Даъвати кумаки тиббӣ ба сардабири маҳкумшудаи «Наҷот»

Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» дар бораи бад шудан вазъи солимии узви фаъоли Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ, собиқ сардабири нашрияи ҳизбии «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода, ки имрӯз дар маҳбаси Душанбе адои ҷазо мекунад, маълумот медиҳад. Созмони «Хабарнигорони бидуни марз»дар изҳороти интишоршудаи худ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки таъҷилан ба дастрасии Сайфуллозода ба […]

Asia--Plus



Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» дар бораи бад шудан вазъи солимии узви фаъоли Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ, собиқ сардабири нашрияи ҳизбии «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода, ки имрӯз дар маҳбаси Душанбе адои ҷазо мекунад, маълумот медиҳад.

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз»дар изҳороти интишоршудаи худ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки таъҷилан ба дастрасии Сайфуллозода ба кумаки тиббӣ мусоидат намоянд.

«Ҳикматулло Сайфуллозода 66-сола буда, мавриди шаклҳои гуногуни кирдори бераҳмона қарор гирифтааст, аз ҷумла ӯро аз хоб рафтан маҳрум мекунанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз бемории дил ва пойҳояш шикоят дошт. Тибқи маълумоти ахир, дастрасии ӯро ба кумаки тиббӣ рад карда, дар робита ба ин, ӯ ба гуруснанишинӣ даст задааст», – қайд мешавад дар

сомонаи созмони журналистӣ

.

Йоханн Бирр, роҳбари шуъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмони мазкур изҳор доштааст, ки Сайфуллозода зери хатари марг қарор дошта, барои ӯ таъҷилан муолиҷаи тиббӣ зарур аст. «Ҳамчунин ҷомеаи байнулмилалиро лозим аст, ки болои ҳукуматдорони Тоҷикистон фишор оваранд, то ки онҳо ба саркӯб кардани озодии васоити ахбори умум хотима бахшанд», – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар манъ карда шуда, роҳбарони он ба даст доштан дар табаддулоти давлатӣ муттаҳам дониста шуданд.

Сардабири ҳафтавори «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода ҳамроҳ бо дигар аъзои Шӯрои олии сиёсии ҳизб 16 сентябри соли 2016 ба ҳабс гирифта шуда, 2 июни соли 2016 ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар «Индекси озодии матбуот дар соли 2016», ки аз ҷониби созмони «Хабарнигорони бидуни марз» таҳия шудааст, Тоҷикистон 34 зина поин рафта, миёни 180 кишвари саросари дунё мақоми 150-умро касб кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.