Кордкашии ҷавонони пойтахт дар назди тарабхона

Кормандони милитсия ду ҷавони сокини Душанберо ба гумони даст доштан дар авбошӣ ва истифода аз корд зимни муноқиша боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби рӯзи 9 август дар назди тарабхонаи “Дӯстӣ»-и пойтахт шахсони номаълум ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос дашномҳои кабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб мекунанд. «Сипас бо […]

Asia--Plus



Кормандони милитсия ду ҷавони сокини Душанберо ба гумони даст доштан дар авбошӣ ва истифода аз корд зимни муноқиша боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби рӯзи 9 август дар назди тарабхонаи “Дӯстӣ»-и пойтахт шахсони номаълум ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос дашномҳои кабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб мекунанд.

«Сипас бо корд ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми рух додани ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар ҷавони 21-солаи сокинони шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷинояти авбошӣ дастгир намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.