Дастури раиси пойтахт ҷиҳати поккории таҳхонаҳои хонаҳои баландошёна то 1 октябр

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев назди хадамоти дахлдор вазифа гузошт, ки то 1 октябр таҳхонаҳои ҳамаи хонаҳои баландошёна барои қабули гармӣ тоза карда шавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, то муҳлати муқарраршуда таҳхонаҳои ҳамаи хонаҳои баландошёна бояд аз ҷониби аҳолӣ, ки дар он ҷойҳо анбору толорҳои […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев назди хадамоти дахлдор вазифа гузошт, ки то 1 октябр таҳхонаҳои ҳамаи хонаҳои баландошёна барои қабули гармӣ тоза карда шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, то муҳлати муқарраршуда таҳхонаҳои ҳамаи хонаҳои баландошёна бояд аз ҷониби аҳолӣ, ки дар он ҷойҳо анбору толорҳои варзишӣ ва компютериву ғайра ташкил кардаанд, озод карда шавад.

«Дар таҳхонаҳои манзилҳои баландошёна барои таъмини бехатарии худи сокинон ба ҷуз қубурҳои обу корез, қубурҳои интиқоли обу гармӣ ва ҷевонҳо барои шабакаҳои барқӣ, набояд чизи дигаре вуҷуд дошта бошад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол беҳтар кардани таъмини аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқ аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 дар назар дошта шудааст.

Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», тирамоҳи соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми МБГ Душанбе-2 бо иқтидори умумии 300 МВт нерӯи барқ ва 157 гигакалорий гармӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар МБГ «Душанбе-2» 7 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил дода, ғайр аз ин, дар марказ аз ҳисоби истеҳсоли гармӣ низ боз ҳудуди 300 млн. кВт/соат нерӯи барқро дар мавсим сарфа карданианд: қисмате аз бино ва манзилҳои пойтахт зимистон аз ин марказ бо гармӣ таъмину шуда, дигар барои гармӣ нерӯи барқ истифода намешавад.

Қобили зикр аст, ки дар давраи аз ҳама сардтарини мавсими тирамоҳу зимистон дар шаҳри Душанбе то 14 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мешавад.

Бевосита амалисозии лоиҳаи сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе-2 моҳи апрели соли гузашта аз ҷониби ширкати Tabian Apparatus Co. (Tbea)-и Чин оғоз гардид. Навбати аввали МБГ Душанбе-2 бо иқтидори 100 МВт моҳи январи соли 2014 мавриди истифода қарор гирифт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.