Қатъи фаъолияти «Роҳнамои ДИ» бо забони тоҷикӣ дар Русия

Хадамоти федералии амният (ХФМ)-и Русия фаъолияти ташкилотҳои ҷамъияти байнулмилалии интернетии «Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ»-ро бо забони тоҷикӣ қатъ кард. Дар маълумоти дафтари матбуоти ХФА дар ин робита қайд мешавад, ки ин ҷамъият дар қаламрави вилоятҳои Сведловск, Тюмен ва Челябинск амал мекардааст. Гуфта мешавад, аъзои ҷамъият ба таблиғи афкори терроистӣ ва ҷалби ҷангиён ба Давлати […]

Asia--Plus



Хадамоти федералии амният (ХФМ)-и Русия фаъолияти ташкилотҳои ҷамъияти байнулмилалии интернетии «Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ»-ро бо забони тоҷикӣ қатъ кард.

Дар

маълумоти

дафтари матбуоти ХФА дар ин робита қайд мешавад, ки ин ҷамъият дар қаламрави вилоятҳои Сведловск, Тюмен ва Челябинск амал мекардааст.

Гуфта мешавад, аъзои ҷамъият ба таблиғи афкори терроистӣ ва ҷалби ҷангиён ба Давлати исломӣ, ҳамчунин ҷамъоварии воситаҳои пулӣ барои маблағгузории ин созмони террористӣ машғул будаанд.

Қайд мешавад, ки ба ҳайати ҷамъияти «Роҳнамо» дар Русия ва кишварҳои хориҷӣ, асосан кишварҳои ИДМ ба сурати умум беш аз 100 ҳазор нафар зодагони Осиёи Марказӣ шомил буда, фаъолтяти он аз ҷониби даҳҳо модераторони терроризм (исломи тундгаро) аз Русия, кишварҳои Шарқи Наздик ва шимоли Африқо (асосан Сурия, Ироқ, Миср) ҳамоҳангу идора мешавад.

«Дар ҷараёни амалиёти кофтукови маҳалли иқомати аъзои ҷамъият дар қаламрави вилоятҳои номбаршуда компютер, телефонҳои ҳамроҳи дорои наворҳои видеоии террористон, адабиёти мазмуни ифротгароӣ, кортҳои бонкӣ, ҳамчунин 3 таппонча, 4 норинҷак, ҳудуди 500 грамм пластит, 1 кило маводи тарканда вад игар муҳимоти марбут ба он дарёфт ва мусодира шуданд», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати роҳбари ташкилот ва 3 нафар аъзои он аз ҷониби шуъбаи тафтишоти ХФА Русия ба иттиҳоми роҳандозии фаъолияти созмони террористӣ ва иштирок дар он парванаи ҷиноӣ боз шуда, чорабиниҳои дигар дар ин самт идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.