Сатҳи баландтарини истифодаи меҳнати кӯдакон дар ВМКБ

Зимни кори тренинг дар мавзӯи «Аз байн бурдани меҳнати кӯдакон дар бахши кишоварзӣ ва ҷорисозии Нақшаи миилӣ оид ба аз миён бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон», ки барои кормандони хоҷагиҳои фермерӣ рӯзи 11 август дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ баргузор шуд, зикр гардид, ки нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар ВМКБ сатҳи баландтарини […]

Шонаврӯз Афзалшоев



Зимни кори тренинг дар мавзӯи «Аз байн бурдани меҳнати кӯдакон дар бахши кишоварзӣ ва ҷорисозии Нақшаи миилӣ оид ба аз миён бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон», ки барои кормандони хоҷагиҳои фермерӣ рӯзи 11 август дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ баргузор шуд, зикр гардид, ки нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар ВМКБ сатҳи баландтарини истифодаи меҳнати кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамоҳангсози лоиҳаи Созмони байнулмилалии меҳнат (агентии СММ) ва яке аз созмондиҳандагони ин чорабинӣ Муҳайё Хосабекова қайд кард, ки таҳқиқоти дар ин самт суратгирифта давоми солҳои 2012-2013 дар беш аз 6 ҳазор хонаводаҳои кишвар нишон дод, ки аз 2 млн. 231 кӯдакони синни аз 5 то 17-сола 522 ҳазору 503 нафарашон ё худ 23,4%-ашон ба 

корҳо барои кӯдакон 


машғул ҳастанд.

Ба гуфтаи ӯ, зимни таҳқиқот маълум шудааст, ки аз лиҳози нишондиҳандаи фоиз истифодаи меҳнати кӯдакон дар ВМКБ – 53,1%, вилояти Хатлон – 37,7%, ноҳияҳои тобеи марказ – 15,6%, вилояти Суғд – 14,8% ва шаҳри Душанбе – 1,9%-ро ташкил додааст.

«Аз шумори умумии кӯдакони фарогир ба меҳнат 82,8% – дар бахши кишоварзӣ, 3,3% – дар саноати коркард, 6% – дар бахшҳои электроэнегетикаву обтаъминкунӣ, 2,8% – дар сохтмон, 4,4% – дар савдои яклухту чакана ва 0,7% – дар дигар соҳаҳо кор мекунанд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки аз ин шумори кӯдакони машғули кор 4,1%-ашон – коргарони кироя, 3% – машғули кори инфиродӣ, 5% – дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва 75,5%-ашон – ба ҳайси коргарони бидуни музд дар оилаҳо кор мекунанд. «Аз лиҳози ҷойи корӣ 65,5% – дар хонаводаҳо, 22% – дар хоҷагиҳои фермерӣ ва боқимонда – дар хонаҳои дигарон, бахши савдо ва хизматгузорӣ машғули коранд», – афзуд М.Хосабекова.

Қобили зикр аст, ки трениг аз ҷониби Созмони байнулмилалии меҳнат дар ҳамдастӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Иттиҳоди корфармоёни Тоҷикистон созмон дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.