Милитсия маълумот оид ба сокинони муқими пойтахтро ба қайд мегирад

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе хона ба хона гашта, реҷаи шиносномавиро месанҷанд ва маълумот дар бораи сокинони дар пойтахт иқоматдоштаро ба қайд мегиранд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин чорабинӣ мувофиқи нақша гузаронида шуда, ба ошкор кардани шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар пойтахт иқомат доранд, нигаронида шудааст. Бархе аз нозирони минтақавӣ ин чорабиниро чунин шарҳ […]

Аваз Юлдошев



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе хона ба хона гашта, реҷаи шиносномавиро месанҷанд ва маълумот дар бораи сокинони дар пойтахт иқоматдоштаро ба қайд мегиранд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин чорабинӣ мувофиқи нақша гузаронида шуда, ба ошкор кардани шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар пойтахт иқомат доранд, нигаронида шудааст.

Бархе аз нозирони минтақавӣ ин чорабиниро чунин шарҳ медиҳанд, ки санҷиши мазкур дар робита ба ҷашни қарибулвуқӯи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст.

Ба гуфтаи онҳо, ин чорабинӣ мутобиқи дастури раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз аввали моҳи август сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.