Дар рейтинги нави ФИФА Тоҷикистон боз 1 зина боло рафт

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 11 август дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи гузашта 1 зина боло рафта, акнун бо 222 имтиёз зинаи 144-умро ишғол мекунад. Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз […]

Asia--Plus



Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 11 август дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи гузашта 1 зина боло рафта, акнун бо 222 имтиёз зинаи 144-умро ишғол мекунад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Бозии наздиктарини худро тими Тоҷикистон рӯзи 27 август бо дастаи Сурия дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар Хуҷанд баргузор мекунад, ки ин варзишгоҳ 25 ҳазор ҷойи нишаст дорад.

Сипас рӯзи 6 сентябр дастаи Ҳаким Фузайлов дар меҳмонӣ бо тими мунтахаби Фаластин бозӣ мекунад, ки ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Дура» дар Хеврон доир мегардад. Рӯзи 3 октябр бозии ҷавобии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мешавад.

Боз як бозии дигари расмии дӯстонаро мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 9 ноябр дар Душанбе бо тими мунтахаби Туркманистон баргузор мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.