Мусоидати ИМА ба таҳкими нақши занони тоҷик дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ

Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо иштирокчиёни форуми “Зан ва об”-ро хайрамақдам гуфтанд.  Дар форуми мазкур зиёда аз 120 нафар шарикон ва  баҳрабардорони Лоиҳаи USAID «Идоракунии маҳаллӣ» нақши занро дар ҳалу фасл намудани масоил оид ба таъмин ва истифодаи […]

Иттилоияи расмӣ



Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо иштирокчиёни форуми “Зан ва об”-ро хайрамақдам гуфтанд. 

Дар форуми мазкур зиёда аз 120 нафар шарикон ва  баҳрабардорони Лоиҳаи USAID «Идоракунии маҳаллӣ» нақши занро дар ҳалу фасл намудани масоил оид ба таъмин ва истифодаи оби нӯшокӣ баррасӣ намуданд. Инчунин сиёсати гендерӣ ва масъалаи иштироки ҷамоатҳои ҳамсоя дар амалӣ гардондан ва идора намудани лоиҳаҳо оид ба инфрасохтори об таҳти баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар натиҷаи баҳсу мунозира ва нишастҳои самараноки, ки тӯли рӯз баргузор гаштанд,  иштирокчиён якдилона бо якчанд тавсияҳо қарор қабул намуданд, ки он ба мустаҳкам намудани баробарҳуқуқии гендерӣ дар ҷодаи сиёсати об ва васеъ намудани имкониятҳо ва гузоришдиҳии мақомоти давлатии миллӣ ва маҳаллӣ дар таъмин намудани оби нӯшокии тоза мусоидат менамояд.

Дар конфронси мазкур инчунин намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон ширкат варзиданд.

Лоиҳаи USAID «Идоракунии маҳаллӣ» ба пурзур намудани иқтидори мақомоти давлатии маҳаллӣ дар фароҳам овардани хизматрасонии иҷтимоии такмилёфта, минҷумла таъмини оби нӯшокии тоза равона шуда, ба густариш ёфтани ширкати шаҳрвандон дар раванди қарор қабул намудани мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.  То имрӯз, дар доираи лоиҳаи мазкур, USAID дар саросари Тоҷикистон 12 адад системаи обтаъминкуниро васл намуда, 33 ҳазор нафарро бо оби нӯшокии тоза таъмин намудааст.

Лоиҳаи USAID оид ба идоракунии маҳаллӣ яке аз чандин лоиҳаҳои кумакрасон мебошад, ки амалисозии он бо дастгирии мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир гашт.  Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.