Боздошти тоҷикистонии ҳамчунин террорист мавриди пайгард қарордошта дар Киев

Як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳамчун террорист мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт, марзбонони Украина дар фурудгоҳи «Бориспол»-и шаҳри Киев боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Украина, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аз Туркия ба Украина омада, ӯро Интерпол (Пулиси байнулмилалӣ) ҷустуҷӯ доштааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун узви гурӯҳи террористӣ мавриди пайгарди […]

Asia--Plus



Як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳамчун террорист мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт, марзбонони Украина дар фурудгоҳи «Бориспол»-и шаҳри Киев боздошт намуданд.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Украина, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аз Туркия ба Украина омада, ӯро Интерпол (Пулиси байнулмилалӣ) ҷустуҷӯ доштааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун узви гурӯҳи террористӣ мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дошта, минбаъд барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб гардидан, бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад.

«Баъди анҷоми тамоми расмиёти зарурӣ боздоштшуда бо тартиби муқарраршуда ба ихтиёри кормандони Пулиси миллӣ супурда шуд», – омадааст дар хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.