Анҷоми таътили вакилони палатаи поёнии парлумон

Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар баъди таътили якуниммоҳа аз пагоҳ, рӯзи 16 август дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон иттилоъ дод, рӯзи 16 август таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии […]

Аваз Юлдошев



Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар баъди таътили якуниммоҳа аз пагоҳ, рӯзи 16 август дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон иттилоъ дод, рӯзи 16 август таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ доир мегардад.

«Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи қонунҳои аз ҷониби ҳукумат ва дигар субъектҳои қонунофар пешниҳодшуда мавриди муҳоқима қарор гирифта, ҷиҳати такмилу баррасӣ ба кумита ва комиссияҳои дахлдори парлумон фиристода мешаванд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки то охири моҳи сентябр вакилони марлумӣ дар кумита ва комиссияҳо кор карда, бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд ва 1 октябр дар Душанбе ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор оғоз мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.