Анонс
– Охирин умеди олимпичиёни тоҷик гурзандоз Дилшод Назаров дар қувваозмоиҳои пешакӣ иштирок мекунад;
– Дар семинари минтақавӣ оид ба Низоми ҳамгиройишудаи ҳифзи растаниҳо (IPM), ки дар пойтахти ҷумҳурӣ ҷараён дорад, масоили вазъи ҳозираи ҳифзи растаниҳо дар минтақа баррасӣ мешавад;
– Дар доираи аксияи хайрияи «Рангҳои тобистон» (Краски Лета) ба муносибати Рӯзи аксҳо рӯзҳои 17-19 август аз соати 11:00 то 19:00 дар дафтари асосии кории ширкати «Tcell Plaza» намоишгоҳи суратҳои аксбардорони маъруф, бозиҳои шавқовар, намоиши филмҳои тасвирӣ, расмкашӣ, аква-грим ва дигар чорабиниҳои ҷолибу шавқовар гузаронида мешаванд. Ҳамаи воситаҳои ҷамъшуда барои кумак ба кӯдакони ятими интернати шаҳри Ҳисор равона мегарданд. Воридшавӣ озодона аст. Биёед ҳамроҳ кӯдаконро дастгирӣ мекунем!
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
7.8682
сомонӣ;
1
евро –
8.8863
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1
205
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
Рӯзи кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
2002
– Аз Қарочӣ 123 нафар гурезагоне, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҷбурӣ ватанро тарк карда буданд, ба Душанбе баргаштанд.
2011
— Президенти Тоҷикистонро ба яке аз унвонҳои олии ҷомеаи аврупоӣ дар соҳаи фарҳанг ва сиёсат – «Пешвои асри XXI» сазовор донистанд.
1924
– Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ашӯра Носирова.
1930
– Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Михаил Табачников.
1936
– Зодрӯзи нависандаи русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров.
Вазъи обуҳаво
Дар
вилояти
Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +13+18.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.





