Корманди «Тоҷиксодиротбонк: М.Ёқубов маро буғӣ карданӣ шуд (видео)

Сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори «Тоҷиксодиротбонк» Абдулмуъмин Оев, ки аз лату кӯби роҳбари маъмурияти муваққатии бонк Мирҳаёт Ёқубов осеб дидааст, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ариза дода, дар он М.Ёқубовро дар лату кӯб, кӯшиши куштор ва ҳамчунин туҳмат айбдор кардааст. Зимни мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар бемористон, А.Оеви […]

Asia-Plus



Сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори «Тоҷиксодиротбонк» Абдулмуъмин Оев, ки аз лату кӯби роҳбари маъмурияти муваққатии бонк Мирҳаёт Ёқубов осеб дидааст, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ариза дода, дар он М.Ёқубовро дар лату кӯб, кӯшиши куштор ва ҳамчунин туҳмат айбдор кардааст.

Зимни мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар бемористон, А.Оеви 63-сола ҳикоят кард, ки рӯзи 8 август ӯ ба назди сардори департамети амнияти бонк Қурбоналӣ Дӯстов даъват шуда, вақте ба кабинети ӯ дар ошёнаи дуюми бинои бонк ворид мешавад, он ҷо 9 нафар, аз ҷумла Ёқубов ва 5 нафари дигар кормандони маъмурияти муваққатӣ, ҳамчунин  3 нафпа собиқ кормандони бонк ҳузур доштаанд ва ба кадом як симҳое нигоҳ карда, байни худ суҳбат доштаанд.

«Роҳбари маъмурияти муваққатӣ Мирҳаёт Ёқубов назди ман омада, ба лату кӯб ва буғӣ кардани ман оғоз кард, ки қариб ба ҳалокат расида будам. Ҳамаи он замон дар кабинет ҳузурдоштагон ҳатто кӯшише накарданд, ки ӯро аз ин амал боздоранд ва оромона лату кӯби маро тамошо доштанд. Мирҳаёт Ёқубов маро гунаҳкор кард, ки гӯё ман дар кабинети кории ӯ дастгоҳи сабти пинҳонӣ  (жучок) ва видеокамераҳои хурд насб карда бошам», – иброз дошт вай.

Ба қавли номбурда, М.Ёқубов аз тобеъонаш талаб кардааст, ки аз ӯ баёнот гирифта, ба Бонки миллӣ баранд ва дар зиндон маҳкам кунанд. «Муҳофизи шахсии ӯ бо номи Сафар маро тариқи долон ба ҳоҷатхонаи мардона бурда, дар он ҷо маҳкам кард. Аз дохили хоҷатхона ман ба писарам Насим занг зада, гуфтам, ки маро куштанӣ буданд. Писарам дарҳол ба бинои бонк омада, маро пурсон мешавад. Писари ман собиқ омӯзгори Мирҳаёт Ёқубов аст. Мирҳаёт Ёқубов писари маро наздаш даъват намуда, танҳо баъди он маро аз ҳоҷатхона раҳо карданд. Сипас дар кабинеети сардори хадамоти амният ман якуним соат бозпурсӣ шудам», – идома дод ҷабрида.

Абдулмуъмин Оев изҳор намуд, ки пас аз ин ҳодиса асабаш осеб дида, вале ҷароҳатҳои ҷисмониаш чандон вазнин нестанд. «Бегуноҳии ман дар насби дастгоҳи сабти пинҳонӣ (жучок)-ро Бонки миллӣ исбот кард», – таъкид дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории

TojNews

бо такя ба яке аз кормандони «Тоҷиксодиротбонк» бидуни ифшои ному насаб иттилоъ медиҳад, ки «низоми зиддисухторӣ ва камераҳои назоратӣ дар ҳар бонки Тоҷикистон ҳастанд. Дар «Тоҷиксодиротбонк» низ. Камераҳои назоратӣ ду хел мешаванд: ошкор ва пинҳонӣ. Камераҳои ёфтшуда ҷузъе аз низоми камераҳои бонк буда, ба хадамоти бехатарии худи бонк тааллуқ доранд. Симҳои онҳо ба ҳуҷраҳои Хадамоти бехатарии бонк мерафтаанд. Аммо аз бетаҷрибагӣ ҳамин хел нофаҳмӣ шудааст».

Мирҳаёт  Ёқубов 32 сол дошта, ба ин вазифа аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон се моҳ пеш таъин шудааст, то ба ҳайси роҳбари мудирияти муваққатӣ вазъи молии бонкро беҳтар кунад. Ӯ мактаби №93-и пойтахтро хатм кардааст. Баъди хатми факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба вазифаи сардори яке аз раёсатҳои  “Амонатбонк” таъин шудааст.  Дар Бонки миллии Тоҷикистон кор карда, то ба вазифаи сардори Раёсати амалиёти байналмилалӣ расидааст. Ҳич гоҳе дар вазифаҳои роҳбарӣ кор накардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.