Иҷозаи дар болои манзилҳо барафрохтани парчами Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни ҳанӯз соли 2007 қабулшуда «Дар бораи рамзҳои давлатии Тоҷикистон»-ро таҳия ба ва ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон фиристод. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, моҳияти тағйироту иловаҳо дар он ифода меёбад, ки баъди қабули онҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни ҳанӯз соли 2007 қабулшуда «Дар бораи рамзҳои давлатии Тоҷикистон»-ро таҳия ба ва ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон фиристод.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, моҳияти тағйироту иловаҳо дар он ифода меёбад, ки баъди қабули онҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба барафрохтани парчами ҷумҳурӣ дар болои манзилҳои худ ба хотир арҷу эҳтиром аз он ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Ғайр аз ин, мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ширкатҳо ва корхонахои хусусии кишвар низ сарфи назар аз шакли моликият, метавонанд дар бомҳои дафтарҳои кории худ парчами давлатиро барафрозанд.

Қобили зикр аст, ки қонуни ҳанӯз соли 2007 қабулшуда «Дар бораи рамзҳои давлатии Тоҷикистон» ба барафрохтани парчами давлатӣ танҳо дар болои биноҳои мақомоти давлатӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва боғҳои фарҳангу истироҳат ҳуқуқ медод. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.