Афзоиши ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон

Дар зарфи 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 26,2 млн. доллари ИМА (моҳи гузашта – наздики 2,7 млн. $) кумаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 12,7 ҳазор тонна аз 48 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст. Гуфта мешавад, […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 26,2 млн. доллари ИМА (моҳи гузашта – наздики 2,7 млн. $) кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 12,7 ҳазор тонна аз 48 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (26,4%), Русия (19,8%), Ҳиндустон (9,5%), Покистон (5,2%), Сербия (5,1%), Беларус (4%), Қазоқистон (3,6%), Дания (3,4%), Туркия (3,2%), Олмон (3%), Ҷумҳурии Корея (2,6%), Швейтсария (2,3%), Озарбойҷон, Нидерланд ва ИМА (1,5%-ӣ), Франсия ва Таиланд (1,3%-ӣ), Эрон (1,1%) рост меояд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми кумаки башардӯстонаи тӯли 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон воридшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 3,5 млн. доллари ИМА зиёд шуда, шумори кишварҳои мададрасон 14 адад афзуд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.