Идомаи коҳиши муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар

Дар зарфи 7 моҳи соли равон беш аз 348,2 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 9% камтар аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 47 ҳазор нафар занони тоҷикистонӣ ба […]

Аваз Юлдошев



Дар зарфи 7 моҳи соли равон беш аз 348,2 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 9% камтар аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 47 ҳазор нафар занони тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон – наздики 341 ҳазор нафар мисли пешин Русияро макони муҳоҷирати корӣ интихоб намуда, аз шумории умумии тоҷикистониён, ки имсол барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд, ҳудуди 7,2 ҳазор нафарашон ба Қазоқистон раҳсипор шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳудуди 193,8 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давра ба ватан баргаштаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 10% камтар аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.