Дар вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо сафири Олмон дар Тоҷикистон Холгер Грин вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо имконоти густариши ҳамкориҳои мутақобила дар сатҳи сохторҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муштарак тариқи баргузор намудани намоишгоҳҳоро баррасӣ карда, зикр гардид, ки миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистон аз ҳама бештар бо Олмон созишномаву қарордодҳои дуҷониба ба имзо расонидааст.
Шариф Саид «ҷараёни начандон бади рушди муносибатҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо»-ро таъкид дошта, қайд кард, ки «имконоти мавҷудаи ҳамкорӣ алҳол ба таври кофӣ истифода бурда намешаванд».
Холгер Грин изҳор намуд, ки Олмон лоиҳаҳои афзалиятноки стратегии Тоҷикистонро, ки ба таъмини амнияти энергетикӣ, табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Олмон – ҶСП «Аму Германия», КМ ҶСП «Ориён Хизматрасон», КМ ҶДММ «Сафӣ», ҶДММО «ГЕРТА», ҶДММ «Махилл Торбау Душанбе», ҶДММ «Согдиана ТТ», Фонди қарзии хурди «Ҳақиқ», ҶДММ «Петролиум Сугд» ва аз соли 2010 тибқи созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Олмон филиали «Access Bank Tajikistan» фаъолият доранд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Олмон беш аз 26,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4% камтар аст. Дар ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни кишварҳо 26 млн. доллари ИМА-ро воридоти маҳсулот аз Олмон ташкил медиҳад.



