Истеҳоли маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон 30% афзуд

Дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон наздики 70 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30,3% зиёдтар аст. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ба зиёд шудани истеҳсоли бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут ва асфалт вобаста аст. Ба иттилои […]

Asia--Plus



Дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон наздики 70 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30,3% зиёдтар аст.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ба зиёд шудани истеҳсоли бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут ва асфалт вобаста аст.

Ба иттилои манбаъ, тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 2,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд буда, истеҳсоли бензин (396 тонна) – қариб 14%, мазут ҳудуди (3,7 ҳазор тонна) – 30% ва асфалт (62 ҳазор тонна) – 44% афзудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, аз оғози сол дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 7,5 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-июли соли 2015 ба андозаи 13,5% бештар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.