Осеби офати табиӣ ба 288 манзил дар Исфара

Бар асари фаромадани сел шоми рӯзи 16 август дар шаҳри Исфара 6 манзил пурра ва 10 хона қисман хароб шудаанд. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз ин офати табиӣ боз 272 манзили дигар низ осеб дида, ба хоҷагиҳои […]

Asia--Plus



Бар асари фаромадани сел шоми рӯзи 16 август дар шаҳри Исфара 6 манзил пурра ва 10 хона қисман хароб шудаанд.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз ин офати табиӣ боз 272 манзили дигар низ осеб дида, ба хоҷагиҳои фермерӣ, роҳҳои автомбилгард ва низоми коммуникатсионӣ ҳам зарар расидааст.

«Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва кумак ба оилаҳои осебдида ситоди фаврӣ таъсис дода шуда, ба макони ҳодиса муовини раиси КҲФ-и ҷумҳурӣ, роҳбарони Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд ҳозир ва ҳамчунин воҳидҳои Кумита сафарбар шуданд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки хушбахтона, миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки маҷрои сел якчанд сар чорворо бо худ бурда, 2 трансофрматорро аз кор баровардааст.

«Тибқи маълумоти фаврии Ситоди КҲФ дар шаҳри Исфара, зиёни расида ба шаҳр аз ин офати табиӣ 13 млн. 239 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад», – қайд кард Тешаев. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.