Интизориҳо аз афви 15-ум дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принтсипи инсондӯстии қонунгузории кишвар ва ба пешвози 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 59 Конститутсияи ҶТ   лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» -ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки афви 15-ум ба шумор меравад. Вакили палатаи поёнии парлумон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, ки замоне […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принтсипи инсондӯстии қонунгузории кишвар ва ба пешвози 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 59 Конститутсияи ҶТ


 


лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»


-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки афви 15-ум ба шумор меравад.

Вакили палатаи поёнии парлумон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, ки замоне дар мансабҳои муовини аввали прокурори генералӣ, муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст, муътақид аст, ки ҳамаи афвҳои дар Тоҷикистон амалишуда пеш аз ҳама, аз инсондӯстии президент Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

«Пешвои миллат ба шахсоне, ки барои шаҳрвандони дигар ва дар маҷмӯъ ба ҷомеа хатар эҷод намекунанду аз рӯи беҳтиётӣ ба ҷиноят даст задаанд, бори дигар барои интихоби роҳи дуруст имкон медиҳад», – чунин мешуморад вакил.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки мувофиқи талаботи лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи афв», қарор дар бораи мавриди афв қарор гирифтани ҳар кадоме аз маҳкумшудагон ва судшавандагонро мақомоти дахлдор алоҳида баррасӣ мекунанд. «Ҳар як парванда дар бораи афв ҷудогона баррасӣ мешавад», – изҳор дошт намояндаи Прокуратураи генералӣ.

Ӯ ҳамчунин ба журналистон ва ба истилоҳ коршиносон тавсия дод, ки аз фолбинӣ дар масъалаи «кӣ ба озодӣ мебарояду дигарон боз дар маҳбас боқӣ мемонанд» худдорӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки афви охирин дар Тоҷикистон соли 2014 ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсия эълон шуда буд, ки 10 ҳазор нафарро фаро гирифта буд. Соли 2011 ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ низ қонуни афви 13-ум мавриди амал қарор гирифта буд, ки ба ҳудуди 15 ҳазор нафар дахл дошт. Қонуни афви пешин ва кунунӣ низ нисбати шахсоне, ки ба ҷиноятҳои ниҳоят вазнин, аз қабили хиёнат ба ватан, ҷосусӣ, терроризм, куштори бераҳмона ва ғайра даст задааанд, мавриди амал қарор намегирад.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 17 муассисаҳои ислоҳӣ амал карда, дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар адои ҷазо мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.