Имкони бурди «Мерседес-Бенс» дар бозии Тоҷикистону Сурия

Дар бозии дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Сурия, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда, санаи 27 август дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, миёни тамошобинон бозии лотерея гузаронида мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз анҷоми вохӯрӣ тибқи рақамҳои билетҳои воридшавӣ миёни мухлисон бозии лотерея гузаронида шуда, онҳо […]

Asia--Plus



Дар бозии дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Сурия, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда, санаи 27 август дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, миёни тамошобинон бозии лотерея гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз анҷоми вохӯрӣ тибқи рақамҳои билетҳои воридшавӣ миёни мухлисон бозии лотерея гузаронида шуда, онҳо имкон доранд, ки ба як қатор бурдҳои арзишманд соҳиб шаванд.

Гуфта мешавад, дар бозии лотерея мухлисон ба бурдҳои планшет, смартфони навтарин, сарулибоси варзишӣ ва автомашинаи «Мерседес-Бенс» ноил гардида метавонанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аввали ҳафтаи оянда фурӯши билетҳои ин бозӣ оғоз гардида, арзиши билет ба ҳамаи нишастгоҳҳои варзишгоҳ 20 сомонӣ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.