Ба муносибати пирӯзии варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, ки барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон дар Бозиҳои XXXI олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар мусобиқаи гурзандозӣ ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид, дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд лавҳаи нахусти ифтихорӣ гузошта шуд.
Дар лавҳаи бузург навиштаи зерин дарҷ шудааст: «Дилшод Назаров- ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст!».



