Мақоми 58-уми Тоҷикистон дар Олимпиада миёни 207 кишвари ҷаҳон

Дар варзишгоҳи «Маракана»-и шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах Бозиҳои тобистонаи XXXI олимпӣ-2016-ро пӯшида эълон намуд. «Мувофиқи анъана ман аз ҷавонони саросари ҷаҳон даъват мекунам, ки баъди 4 сол дар Токио гирдиҳам биоянд, то ки ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ-2010 ҳусни оғоз бахшем», – иброз дошт ӯ. Дар маросими пӯшида шудани Бозиҳои […]

Asia--Plus



Дар варзишгоҳи «Маракана»-и шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах Бозиҳои тобистонаи XXXI олимпӣ-2016-ро пӯшида эълон намуд.






«Мувофиқи анъана ман аз ҷавонони саросари ҷаҳон даъват мекунам, ки баъди 4 сол дар Токио гирдиҳам биоянд, то ки ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ-2010 ҳусни оғоз бахшем», – иброз дошт ӯ.

Дар маросими пӯшида шудани Бозиҳои XXXI олимпӣ 3 ҳазор нафар ихтиёриён ва варзишгарон иштирок ва сафороӣ намуданд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз 5 то 21 август баргузор шуданд. Дар ҳисоби дастаҳо тими ИМА ғолиб омад, ки 121 медал (46 – тилло; 37 нуқра ва 38 биринҷӣ) ба даст овард. Зинаи дуюмро бо 67 медал – Британияи Кабир (27 тилло; 23 нуқра ва 17 биринҷӣ), мақоми сеюмро бо 70 медал – Чин (26 тилло; 18 нуқра ва 26 биринҷӣ) ва зинаи чорумро бо 56 медал – Русия (19 тилло; 18 нуқра ва 19 биринҷӣ) ишғол намуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории

TojNews

, аз миёни варзишгарони 207 давлат намояндагони 87 мамлакат соҳиби медал шуданд. Аз инҳо варзишгарони 59 давлат ба мақоми қаҳрамонӣ расиданд. Аз рӯи ҳисоби медалҳо ИМА бо 121 медал дар мақоми аввал, Британияи Кабир бо 67 медал дар мақоми дуввум, Чин бо 70 медал дар мақоми сеюм ва Русия 56 медал дар мақоми чорум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал инчунин кишварҳои Олмон (42), Ҷопон (41), Фаронса (42), Кореяи Ҷанубӣ (21), Италия (28) ва Австралия (29) ворид шудаанд. Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар мақоми 54-ум қарор дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.