Президент Дилшод Назаровро бо медали тиллои Олимпиада табрик кард

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Дилшод […]

Asia--Plus



Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тиллоии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.

Ба андешаи Дилшод Назаров ғалабаи ӯ дар ин ҳамоиши бузурги варзишӣ бо шарофати Ваҳдату истиқлол ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз талошҳову ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд карда, варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Ёдрас мешавад, ки даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ шаби 19 – уми август соати 21:05 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ва соати 5:05 дақиқа бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шуруъ шуд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифта буд. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро роҳхат гирифт.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.