Дилшод Назаров чемпиони Олимпиадаи Рио!

Варзишгари маъруфи Тоҷик Дилшод Назаров ба дарёфти медали тиллои Бозиҳои олимпии XXXI Рио-де-Жанейро-2016 муваффақ шуд, ки дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бори нахуст аст. Дар мусобиқоти гурзандозӣ ӯ бо натиҷаи 78,68 метр зинаи аввалро ишғол кард. Мақоми дуюмро намояндаи Беларус Иван Тихон (77,79 метр) ва ҷойи сеюмро варзишгари Лаҳистон (Полша) Войсех Новитски (77,73 метр) касб намуданд. […]

Asia-Plus



Варзишгари маъруфи Тоҷик Дилшод Назаров ба дарёфти медали тиллои Бозиҳои олимпии XXXI Рио-де-Жанейро-2016 муваффақ шуд, ки дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бори нахуст аст.

Дар мусобиқоти гурзандозӣ ӯ бо натиҷаи 78,68 метр зинаи аввалро ишғол кард. Мақоми дуюмро намояндаи Беларус Иван Тихон (77,79 метр) ва ҷойи сеюмро варзишгари Лаҳистон (Полша) Войсех Новитски (77,73 метр) касб намуданд.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио-де-Жанейро (Бразилия) дастаи Тоҷикистон ба дарёфти як медали тилло шарафёб гардид.

Пирӯзӣ муборак ҳамватанони гиромӣ! Ин як туҳфаи хеле арзишмандест ба 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.