Иншооти нави ҷашнӣ дар пойтахт ба маблағи 2,3 млрд. сомонӣ

Ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 2,3 млрд. сомонӣ иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод, ин иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриву шаҳр, соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ сохта […]



Ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 2,3 млрд. сомонӣ иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод, ин иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриву шаҳр, соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ сохта шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, қисмате аз иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҷумла дар пойтахт корхонаи нави дӯзандагӣ ба истифода дода мешавад, ки беш аз 500 нафар сокинони пойтахт бо ҷойҳои корӣ дар он таъмин мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.