Анҷоми ваколати сафири Кувайт дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аленезиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва густариши бемайлони ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва […]

Asia--Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аленезиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва густариши бемайлони ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарӣ роҳҳои татбиқи созишномаҳо ва тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар моҳи майи соли ҷорӣ дар Кувайт ҳосил шуданд, баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи тмасоили атбиқи муштараки тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон бо ҷалби доираҳои сармоягузор ва бунёдҳои хайриявии Кувайт табодули назар сурат гирифт.

Сироҷиддин Аслов ба сафири Давлати Кувайт барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт изҳори сипос намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.