Ҳаким Фузайлов: Фаластинро эҳтиром мекунем, вале ҳарос надорем

Date:

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов қабл аз вохӯрии дӯстона бо тими мунтахаби Фаластин, ки имрӯз, 6 сентябр дар варзишгоҳи байнулмилалии “Дора” дар Хеврон доир мегардад, дар нишасти хабарии қабл аз бозӣ дар бораи ҳарифи имрӯзаи дастааш ибрози андеша намуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҳаким Фузайлов изҳор доштааст, ки тими Фаластин дастаи пурзӯру қавӣ буда, дар он якчанд футболбозоне ҳунарнамоӣ мекунанд, ки суръати хуби бозиро доранд.

“Мо бозиҳои ин даста дар марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 ва вохӯриҳои он бо дастаҳои гуногунро тамошо ва мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор додем. Аз ин рӯ, дар бораи ин даста маълумоти кофӣ дар даст дорем, ҳарифамонро эҳтиром мекунем, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ягон ҳаросе аз он надорем”, – гуфтааст Ҳаким Фузайлов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...