ЮНИДО Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои дорои даромади паст шомил кард

Дар гузориши нави СММ оид ба рушди саноатӣ (ЮНИДО) Тоҷикистон дар қатори кишварҳои бештар қафомондаи Африқо, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ ба сафи давлатҳои дорои даромади паст шомил шудааст, ки Маҷмӯи даромади миллӣ (МДМ) ба ҳар як сари аҳолӣ дар ин кишварҳо 1 045 ва аз ин миқдор поинтарро ташкил медиҳад. Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Арманистон, Молдова ва […]

Пайрав Чоршанбиев

Дар гузориши нави СММ оид ба рушди саноатӣ (ЮНИДО) Тоҷикистон дар қатори кишварҳои бештар қафомондаи Африқо, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ ба сафи давлатҳои дорои даромади паст шомил шудааст, ки Маҷмӯи даромади миллӣ (МДМ) ба ҳар як сари аҳолӣ дар ин кишварҳо 1 045 ва аз ин миқдор поинтарро ташкил медиҳад.

Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Арманистон, Молдова ва Гурҷистон дар қатори кишварҳои дорои даромади сатҳи аз миёна пасттар дохил шудаанд, ки МДМ ба ҳар як сари аҳолӣ дар ин кишварҳо ба аз 4 125 то 1 046 доллари ИМА баробар аст.

Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Беларус ҳамроҳ бо Чину Эрон дар гурӯҳи кишварҳои дорои даромади аз миёна болотар қарор доранд, ки МДМ ба ҳар як сари аҳолӣ дар ин кишварҳо аз 12 475 то 4 126 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Русия, Эстония, Литва ва Латвия ба сафи кишварҳои дорои сатҳи даромади баланд мансубанд, ки сатҳи МДМ ба ҳар як сари аҳолӣ дар ин кишварҳо ба аз 12 746 доллари ИМА ва аз он зиёдтар баробар аст.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2015 Маҷмӯи даромади миллӣ ба ҳар як сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 1 080 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио