Маълумоти БДА доир ба баста шудани роҳҳои пойтахт дар рӯзҳои ид

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  8 сентябр Аз соати 06:00  то 10:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ, аз чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то майдони 800-солагии […]

Asia-Plus

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 8 сентябр

Аз соати 06:00  то 10:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ, аз чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то майдони 800-солагии Москва, кӯчаи Шоҳтемур аз кӯчаи Турсунзода то кӯчаи Шероз, кӯчаи Бухоро аз кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шевченко, кӯчаҳои Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Айнӣ, кӯчаи Бохтар аз кӯчаи Теҳрон то кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, пурра маҳдуд карда мешаванд.

 Аз соати 13:00 то 14:00 ва аз соати 16:00 то 17:00 ҳаракати  воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Л.Шералӣ, кӯчаи Шероз аз хиёбони Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ, пурра маҳдуд карда мешаванд.

Аз соати 18:00 то 19:00 дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Л.Шералӣ то кӯчаи Бухоро, дар хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, дар кӯчаи Н.Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев, дар кӯчаи Шероз аз хиёбони Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ, пурра маҳдуд карда мешаванд.

9 сентябр

 Аз соати 06:00 то 10:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Айнӣ, дар кӯчаи Шоҳтемур аз кӯчаи Лоҳутӣ то кӯчаи Шероз, кӯчаи  Бухоро аз кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шевченко, дар кӯчаҳои Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Айнӣ, дар кӯчаи Бохтар аз кӯчаи Ф.Ниёзӣ то кӯчаи Теҳрон, кӯчаи Шероз аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Бухоро, пурра маҳдуд карда мешаванд.

Аз соати 18:00 то 22:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Л.Шералӣ то кӯчаи Бухоро, хиёбони И.Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, кӯчаи Н.Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев, кӯчаи Шероз аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ, пурра маҳдуд карда мешаванд.

Ронандагон дар ин рӯзҳо метавонанд аз кӯчаҳо ва хиёбонҳои Мирзо Турсунзода, Карамов, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Р.Набиев, Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, Қаҳҳоров, Айнӣ, Назаршоев, А.Дониш, Дӯстии халқҳо, Мастонгулов ва Зебуниссо, истифода баранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио