Занозанӣ дар бозии Тоҷикистон – Ӯзбекистон дар Ҷоми Иттиҳод

Date:

Дар бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 11 сентябр дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия доир гардид, байни мухлисон муноқишаву занозанӣ сар зад.

Бино ба маълумоти ВАО-и маҳаллӣ, дар вохӯрии финалии мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод байни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми вақти иловагии бозӣ мухлисон ба майдон баромада, ба муноқишаву занозанӣ пардохтаанд.

Ҷанҷолу кашмакаш миёни ду бозингар ба занозанӣ миёни мухлисон боис гардид, ки барои дастгирии футболбозон ба майдон баромадаанд.

Тибқи маълумоти портали “Город”, дар вақти иловагии бозӣ, ки ҳисоб 2 бар 1 ба нафъи дастаи Тоҷикистон будааст, мухлисони яке аз дастаҳо ба майдон баромада, сипас мухлисони дастаи дигар низ ба онҳо пайравӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Иркутск дар ин робита хабар медиҳад, кормандони мақомоти интизомӣ базудӣ мухлисонро аз майдон ронда, барои пешгирии идомаи муноқиша нерӯҳои иловагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба варзишгоҳ сафарбар шудаанд. Ҳеҷ касе аз иштирокчиёни муноқиша ба шуъбаи умури дохилӣ муроҷиат накардааст.

“Ба амалҳои ташкилкунандагони бозӣ, ки таъмини амният ба дӯшашон вогузор шуда буд, дар доираи санҷиши ҷараёндошта баҳои зарурӣ дода мешавад”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Иркутск.

МЕДИА (YOUTUBE)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...