Тавсияи Шӯрои уламо ба арӯсон оид ба худдорӣ аз сарулибоси тӯёнаи аврупоӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба арӯсони тоҷик тавсия медиҳад, ки аз сарулибоси тӯёнаи аврупоӣ даст кашида, ба сарулибоси миллӣ афзалият диҳанд. Яке аз корбарони сомонаи расмии Шӯрои уламо бо номи Ҳабибҷон дар бахши «Саволу ҷавоб» пурсидааст, ки сарулибоси аврупоӣ (фатта) пӯшидан дар ҳақиқат никоҳро бекор мекунад ё ин ки барои напӯшидани ин либос ин […]

Мавзуна Абдуллоева

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба арӯсони тоҷик тавсия медиҳад, ки аз сарулибоси тӯёнаи аврупоӣ даст кашида, ба сарулибоси миллӣ афзалият диҳанд.

Яке аз корбарони сомонаи расмии Шӯрои уламо бо номи Ҳабибҷон дар бахши «Саволу ҷавоб» пурсидааст, ки сарулибоси аврупоӣ (фатта) пӯшидан дар ҳақиқат никоҳро бекор мекунад ё ин ки барои напӯшидани ин либос ин гуна фатво додаанд».

Дар Шӯрои уламо ба ин савол чунин посух додаанд: «Мо мусулмонон бояд кӯр-кӯрона ба бегонагон тақлид накунем. Дини мубини ислом барои тамоми ҳолатҳо ҳаёю иффату покдоманиро тавсия медиҳад, ҳамзамон Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки миллати тоҷик худ либоси миллӣ дорад, хуб мешавад, ки тақлид ба гузаштагонамон кунем. Хулосаи калом ин ки зан ба сабаби фатта пӯшидан талоқ намешавад».

Арӯсони шаҳри Хуҷанд. Акс аз маросими ифтитоҳи Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио