Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:

АНОНС

– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ба шаҳри Бишкек раҳсипор мегардад;

Дар доираи баргузории намоишгоҳи маҳсулоти содиротии «Гансу»-и Чин, ки дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мегардад, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8720 сомонӣ;

1 евро – 8.8576 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1180 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал

2006 — Маросими оғози сохтмони хатти интиқоли барқи «Ҷануб – Шимол» доир гардид.

2010 — Бо қарори ҳукумати ҶТ дар бораи ислоҳоти сохторӣ-маъмурии Академияи илмҳои Тоҷикистон, пажуҳишгоҳҳо ва сохторҳои зертоеъи Академия муттаҳид карда мешаванд.

2012 — Дар шаҳри Душанбе дар синни 86-солагӣ олими саршиноси тоҷик, яке аз муаллифони қонуни аввалин «Дар бораи забони давлатӣ», академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз олам даргузашт.

1927-1997 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Музаффар Искандаров.

1937 – Мавлуди олими зилзилашинос, академик Собит Неъматуллоев.

1945 – Зодрӯзи журналист Боймамад Алибахшев.

1953 – Мавлуди рӯзноманигор Козим Давронов.

1958 – Зодрӯзи нависанда Низом Қосим.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...