Кӯҳнавард Фарҳод Муминов қуллаи баландтарини Аврупоро фатҳ кард

Кӯҳнаварди тоҷик Фарҳод Муминов қуллаи баландтарини Аврупо – Элбрусро бо баландии 5642 метр фатҳ кард. Дар саҳифаи худ дар Фейсбук Фарҳод навиштааст, ин фатҳи қуллаи худро, ки 32-юмин аст, ба 25-умин солгарди Истиқлолиятидавлатии Тоҷикистон мебахшад. «Каме дер шуда бошад ҳам, тамоми мардуми Тоҷикистонро бо 25-солагии ҷашни Истиқлолият табрику таҳният мегӯям», – навиштааст кӯҳнавард. Қобили зикр […]

Asia-Plus

Кӯҳнаварди тоҷик Фарҳод Муминов қуллаи баландтарини Аврупо – Элбрусро бо баландии 5642 метр фатҳ кард.

Дар саҳифаи худ дар Фейсбук Фарҳод навиштааст, ин фатҳи қуллаи худро, ки 32-юмин аст, ба 25-умин солгарди Истиқлолиятидавлатии Тоҷикистон мебахшад.

«Каме дер шуда бошад ҳам, тамоми мардуми Тоҷикистонро бо 25-солагии ҷашни Истиқлолият табрику таҳният мегӯям», – навиштааст кӯҳнавард.

Қобили зикр аст, ки Фарҳод Муминов кӯҳнаварди фаъолтарини Тоҷикистон буда, тайи 4 соли ахир парчами Тоҷикистонро дар 10 қуллаи саросари ҷаҳон, аз ҷумла қуллаҳои Корженевский, Ибни Сино, Эдбрус, Килиманҷаро ва ғайра парафшон кард.

Як сол пеш, моҳи сентябри соли 2015 кӯҳнаварди тоҷик парчами Тоҷикистонро дар кӯҳи баландтарини Қафқоз – Казбек гузошт, ки ин маротибаи сеюми дар ин кӯҳ парафшон кардани парчами кишвари худ аз ҷониби ин кӯҳнавард буд.

Қаблан ӯ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки аз қитъаи Амрикои Ҷанубӣ, аз ҷумла Аргентина боздид намуда, қуллаи навро кашф ва ба он номи Тоҷикистонро гузоштанист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио