Шабакаи телевизиони «Сафина» ҷоизадори ҷашнвораи «ТЭФИ-Содружество»

Барномаи ҳамарӯзаи иттилоотии «Навид»-и шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон – «Сафина» ба дарёфти ҷоизаи Фестивали VI байнулмилалии «ТЭФИ-Содружество» дар Ереван ноил гардид. Ҷашнвораи «ТЭФИ-Содружество» бори шашум таҳти унвони «Хабарҳо – касби мо» гузаронида мешавад, ки натанҳо майдони намоиши маҳорати касбии журналистони телевизионҳои як қатор кишварҳои ИДМ, Гурҷистон ва кишварҳои Балтия гардид, балки ҳамчунин ба як майдони […]

Asia-Plus

Барномаи ҳамарӯзаи иттилоотии «Навид»-и шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон – «Сафина» ба дарёфти ҷоизаи Фестивали VI байнулмилалии «ТЭФИ-Содружество» дар Ереван ноил гардид.

Ҷашнвораи «ТЭФИ-Содружество» бори шашум таҳти унвони «Хабарҳо – касби мо» гузаронида мешавад, ки натанҳо майдони намоиши маҳорати касбии журналистони телевизионҳои як қатор кишварҳои ИДМ, Гурҷистон ва кишварҳои Балтия гардид, балки ҳамчунин ба як майдони табодули таҷриба ва ибрози андешаву афкор оид ба масоили рӯхмарраи ин соҳа табдил ёфт.

Дар фестивал ҳудуди 90 барномаҳои 40 шабакаҳои телевизионии 12 кишвари узви ИДМ ва давлатҳои хориҷи наздик пешниҳод шуданд. Ба ҷуз шабакаи телевизиони «Сафина», боз аксари барномаҳои шабакаҳои телевизиони кишварҳои дигар низ бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.

Тоҷикистонро дар фестивал ёвари директори шабакаи телевизиони «Сафина» Дилшод Ашӯров ва муовини аввали директори шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» Умед Назарзода намояндагӣ карданд, ки барномаҳои иттилоотии шабакаҳои худро ба ҳакамон пешкаш намуданд.

Ҳамчунин Саида Ҷумъаева, муовини сардори Раёсати умури байнулмилалии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва роҳбари хадамоти русии барномаҳои иттилотти Кумита Ҳайдар Каримов дар фестивал навори видеоӣ дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намоиш доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио