Баррасии ояндаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Алмаато

Дар форуми аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Алмаато созмондодашуда бо иштироки беш аз 200 нафар намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байнулмилалӣ масъалаи ояндаи истифодаи захираҳои обии минтақа баррасӣ мешавад. «Форум ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба таҷрибаи пешқадам дар такмили механизмҳои мониторинг ва идоракунии захираҳои обӣ дар партави тағйирёбандаи рушди байнулмилалӣ ва тағйирёбии иқлим […]

Пайрав Чоршанбиев

Дар форуми аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Алмаато созмондодашуда бо иштироки беш аз 200 нафар намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байнулмилалӣ масъалаи ояндаи истифодаи захираҳои обии минтақа баррасӣ мешавад.

«Форум ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба таҷрибаи пешқадам дар такмили механизмҳои мониторинг ва идоракунии захираҳои обӣ дар партави тағйирёбандаи рушди байнулмилалӣ ва тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад», – омадааст дар хабари Бонки ҷаҳонӣ.

Гуфта мешавад, ин чорабинӣ дар доираи таҳияи Барнома оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки ҳадафи он азнавсозии низомҳои идоракунии захираҳои обӣ ва идомаи таҳкими имконоти дахлдори минтақавӣ дар ин самт мебошад.

Форум имрӯз оғоз гардида, то 22 сентябр идома меёбад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ сардори Раёсати сиёсат оид ба об ва энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Холматов роҳбарӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки қисмати асосии захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал (80%) дар болооби дарёҳои қаламрави Қирғизистон ва Тоҷикистон ташаккул меёбад ва дар ҳамин ҳол, қисмати хеле бештари он барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти обёрӣ дар поёноби дарёҳо – Қазоқистон, Туркманистн ва Ӯзбекистон истифода мешавад, ки беш аз 83%-и заминҳои обёрии минтақа дар ин кишварҳо ҷойгиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.