Татбиқи консепсияи «Мактаби русӣ дар хориҷа» соли оянда оғоз мегардад

Date:

Механизмҳои амалисозии консепсияи «Мактаби русӣ дар хориҷа», ки ба хотири дастгирии рушди забони русӣ дар хориҷи Русия нигаронида шудааст, алҳол танҳо мавриди таҳия қарор дошта, ин кор то соли оянда идома меёбад.

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе конфронси панҷуми минтақавии ҳамватанони русиягии кишварҳои хориҷи наздик доир гардид. Конфронс дар Маркази илму фарҳанги Русия баргузор шуда, дар кори он ҳайатҳои 14 кишвар – Абхозистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат варзиданд.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози минтақавии ҳамватанони русиягии кишварҳои хориҷи наздик Максим Краменко ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки консепсияи «Мактаби русӣ дар хориҷа» қабул ва маъқул шуморида шуда, айни замон механизмҳои амалисозии он мавриди таҳия қарор доранд ва он то конфронси минбаъдаи соли 2017 пурра омода мешавад.

Қобили зикр аст, ки консепсияи мазкур охири соли гузашта қабул шуда, ба дастгирии забони русӣ дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷи Русия нигаронида шудааст. Дар доираи татбиқи консепсия моҳи сентябри соли 2016 нахустин мактаб дар Бишкек ба фаъолият шурӯъ кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...