Лоиҳаи «Саводнокии молиявӣ»: Интернет-бонкинг

Мавзӯи нави мо ба Интернет-бонкинг бахшида шудааст. Ҳаёти муосири инсонро бидуни воситаҳои алоқа тасаввур кардан ғайриимкон аст. Барои онҳое, ки маблағро қадр мекунанад ва ба таври дуруст ва самаранок онро истифода мебаранд, Интернет-бонкинг як воситаи дигари мусоид мебошад. Имрӯзҳо мо хизматрасонии Интернет-бонкингро бештар истифода мебарем. Оё истифода бурдани он дар ҳақиқат бароҳат аст ё ин […]

Иттилоияи расмӣ

Мавзӯи нави мо ба Интернет-бонкинг бахшида шудааст. Ҳаёти муосири инсонро бидуни воситаҳои алоқа тасаввур кардан ғайриимкон аст. Барои онҳое, ки маблағро қадр мекунанад ва ба таври дуруст ва самаранок онро истифода мебаранд, Интернет-бонкинг як воситаи дигари мусоид мебошад.

Имрӯзҳо мо хизматрасонии Интернет-бонкингро бештар истифода мебарем. Оё истифода бурдани он дар ҳақиқат бароҳат аст ё ин боз яз падидаи мӯд  дар таъмини хизматрасониҳои бонкӣ мебошад? Биёед ин падидаро батафсил дида бароем. Интернет-бонкинг гуфта,  технологияи хизматрасонии дурдасти бонкиро дар назар доранд,ки ба мизоҷони бонк дастрасӣ ба суратҳисобҳо ва амалиётҳоро дар вақти гуногун тариқи компютери ба шабакаи Интернет пайвастшуда имкон медиҳад.

Ба хизматрасонии Интернет-бонкинг инҳо дохиланд:

– пазорати ҳисоби худ, гирифтани изҳороти корт ва суратҳисобҳои бонкӣ;

– пардохт барои хизматрасонии коммуналӣ, телевизион, интернет ва алоқаи мобилӣ, пурра кардани ҳамёнҳои электронӣ;

– интиқоли маблағ аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар дар дохили бонк;

– интиқоли маблағ аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар дар бонкҳои дигар;

мубодилаи асъор;

– пардохти қарз, пурра кардани ҳисоби амонат, ҳисобҳои нақлиётӣ ва ғ.

– пайвасти SMS-огоҳнома, гузаронидани амалиётҳо дар Интернет ва дигарон.

Афзалиятҳои Интернет-банкинг:

– бароҳатӣ;

– амниятӣ;

– соддагӣ.

Имрӯз, хизматрасонии Интернет-бонкинг аксарияти бонкҳои кишвар мерасонад. Агар Шумо дар бонк суратҳисобдошта бошед ва хоҳед, ки аз хизматрасонии Интернет-бонкинг истифода баред, барои ин танҳо ба бонк муроҷиат карда, барои пайвастшавӣ ариза нависед. Баъдан ба Шумо логин ва пароле, ки танҳо ба Шумо маълум аст дода мешавад. Бо онҳо амалиётҳои лозимаро дастрас карда метавонед. Пайвастшавӣ ва истифодаи Интернет-бонкинг, одатан, ройгон аст!

Дар мақолаи навбатӣ мо дар бораи тадбирҳои бехатарии истифодаи Интернет-бонкинг сухан мегӯем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.