Низомии ВКД дар Хатлон ҳамхизматашро парронд

Сарбози яке аз қисмҳои низомии ВКД Тоҷикистон, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа мустақар аст, ҳамхизмати худро парронд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ин робита иттилоъ дод, ин ҳодиса рӯзи 21 сентябр рух дода, бар асари ҷароҳати бардошта хизматчии ҳарбӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст. Ҷасади хизматчии ҳарбӣ ба наздиконаш, […]

Asia-Plus

Сарбози яке аз қисмҳои низомии ВКД Тоҷикистон, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа мустақар аст, ҳамхизмати худро парронд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ин робита иттилоъ дод, ин ҳодиса рӯзи 21 сентябр рух дода, бар асари ҷароҳати бардошта хизматчии ҳарбӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Ҷасади хизматчии ҳарбӣ ба наздиконаш, ки дар ноҳияи Панҷакент иқомат доштаанд, супурда шудааст.

Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ аз ифшои ному насаби сарбози ҳалокшуда ва шахси гумонбар ба ин ҷиноят худдорӣ варзида, зикр карданд, ки то анҷоми тафтишоти пешакӣ, аз рӯи ин далел маълумоте пешниҳод нахоҳанд кард.

Манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иброз дошт, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳодиса дар натиҷаи истифодаи нодурусти аслиҳа ба вуқӯъ пайваста, фарзияи саҳеҳи онро гурӯҳи тафтишотӣ муайян мекунад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли равон суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбози қисми низомии 06870 «В»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳматовро барои даст доштан дар куштори ҳамхизмати худ Азизҷон Мақсудов ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.