Дар рейтинги рақобатпазирӣ Тоҷикистон 3 зина боло рафт

Дар рейтинги ҷаҳонии рақобатпазирии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (ВЭФ) барои давраи солҳои 2016-2017 миёни 138 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 77-умро касб кард. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта (зинаи 80-ум) 3 зина болотар буда, аз рӯи ҷадвали 7-балла индекси рақобатпазирии Тоҷикистон аз 4,03 дар соли гузашта то ба 4,1 балл беҳтар шудааст. Миёни кишварҳои ИДМ […]

Пайрав Чоршанбиев

Дар рейтинги ҷаҳонии рақобатпазирии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (ВЭФ) барои давраи солҳои 2016-2017 миёни 138 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 77-умро касб кард.

Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта (зинаи 80-ум) 3 зина болотар буда, аз рӯи ҷадвали 7-балла индекси рақобатпазирии Тоҷикистон аз 4,03 дар соли гузашта то ба 4,1 балл беҳтар шудааст.

Миёни кишварҳои ИДМ Озарбойҷон – зинаи 37-ум, Русия – 43, Қазоқистон – 53, Арманистон – 79, Украина – 85, Молдова – 100 ва Қирғизистон – мақоми 111-умро ишғол кардаанд. Ӯзбекистону Туркманистон маъмулан дар рейтинг ҳузур надоранд.

Чун солҳои пешин Швейтсария, Сингапур ва ИМА кишварҳои пешсафи рейтинг буда, ба даҳгонаи беҳтарин иқтисодҳои рақобатпазир Нидерланд, Олмон, Британияи Кабир, Ҷопон, Гонконг ва Финландия шмиланд. Чад, Мавритания ва Яман дар зинаҳои охири рейтинг қарор доранд.

Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги мазкурро бо назардошти вазъи беш аз 100 нишондиҳанда, аз ҷумла зербино, самаранокии бозорҳои молу кор, сифати таълиму тандурустӣ, вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, навгониҳо, рушди бозори молиявӣ ва ғайра тартиб медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио