Нерӯгоҳи Роғун бо дастгоҳҳои муосири Siemens муҷаҳҳаз мешавад

Консерни фаромилии Siemens-и Олмон дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки сохтмонаш дар Тоҷикистон идома дорад, таҷҳизоти муосири энергетикӣ насб мекунад. Бино ба маълумоти портали энергетикии Focus, ояндаи наздик ба майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун ду дастгоҳи комплектии баландшиддати тақсимотӣ оварда мешаванд, ки истеҳсоли консерни Олмон мебошанд. Гуфта мешавад, ин дастгоҳҳо ба қабули шиддати баланд ва тақсимоти […]

Asia-Plus

Консерни фаромилии Siemens-и Олмон дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки сохтмонаш дар Тоҷикистон идома дорад, таҷҳизоти муосири энергетикӣ насб мекунад.

Бино ба маълумоти портали энергетикии Focus, ояндаи наздик ба майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун ду дастгоҳи комплектии баландшиддати тақсимотӣ оварда мешаванд, ки истеҳсоли консерни Олмон мебошанд.

Гуфта мешавад, ин дастгоҳҳо ба қабули шиддати баланд ва тақсимоти минбаъдаи он ба истеъмолгарон хизмат карда, бо низоми пайгирии онлайн муҷаҳҳазанд, ки ба ташхиси фосилавии таҷҳизот имкон медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки муҳлати кори дастгоҳҳои мазкур 50 солро ташкил дода, онҳо қариб амалан ба таъмиру хизматгузорӣ эҳтиёҷ надоранд. «Барои ин дастгоҳҳои хеле боэътимоду қавӣ ҷои зиёде лозим набуда, онҳо садои баланд ва нурафкании электромагнитии хеле паст доранд», – омадааст дар маълумот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.