Эмомалӣ Раҳмон Илҳом Алиевро бо баргузории муваффақонаи раъйпурсӣ табрик кард

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳайати парлумонии Тоҷикистонро таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур пазируфт. Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот изҳор намуд, ки вакилони парлумони Тоҷикистон ба рушди ҳамкории бузургмиқёс бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров паёми самимии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Озарбойҷон ва […]

Asia-Plus

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳайати парлумонии Тоҷикистонро таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур пазируфт.

Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот изҳор намуд, ки вакилони парлумони Тоҷикистон ба рушди ҳамкории бузургмиқёс бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров паёми самимии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Озарбойҷон ва ҳамчунин табрикоти ӯро дар робита ба муваффақона баргузор шудани раъйпурсӣ дар ин кишвар ба Илҳом Алиев расонд.

Дар навбати худ Илҳом Алиев аз сарвари давлати Тоҷикистон даъват кард, ки дар ҳама гуна вақти барояш мувофиқ ба Озарбойҷон ташриф орад. Дар ин бора котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.