Ҳамсари узви ҲНИТ аз болои фаъолони ҷонибдори ҳукумат шикоят намекунад

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари узви Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Раҳматуллои Раҷаб аз болои фаъолони ҷонибдори ҳукумат, ки ба худи ӯ ва хонаву дару девораш тухм пошида, назди он овезаву плакатҳоро оташ заданд, ба мақомоти милитсия шикоят намекунад. «Нисбати ин ҷавонон ба милитсия муроҷиат кардан маъние надорад, агар ҳамаи ин аксия аз ҷониби худи […]

Asia-Plus

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари узви Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Раҳматуллои Раҷаб аз болои фаъолони ҷонибдори ҳукумат, ки ба худи ӯ ва хонаву дару девораш тухм пошида, назди он овезаву плакатҳоро оташ заданд, ба мақомоти милитсия шикоят намекунад.

«Нисбати ин ҷавонон ба милитсия муроҷиат кардан маъние надорад, агар ҳамаи ин аксия аз ҷониби худи ҳукуматдорон ташкил шуда бошад», – гуфт Валаматзода дар суҳбат бо «Азия-Плюс».

Ба гуфтаи ин зан, вақте тақрибан 40 нафар ҷавонон бо автобус ба назди хонаи онҳо меоянд, ӯ танҳо бо духтараш дар хона будаанд. «Ҳангоме ки онҳо ба тухмшапиву оташ задани портрет ва шиорпартоиҳо оғоз карданд, мо хеле ба ҳарос афтодем, – мегӯяд ӯ. – Ин ҳолат қариб як соат давом кард. Вақте ки онҳо бо фарёд таҳид карданд, ки хонаатонро оташ мезанем, ман назди онҳо баромадам».

Дар ҳамин ҳол, аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ки ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд, ҳарчанд қаблан изхор намуда буданд, ки огаҳӣ надоранд. «Дарвоқеъ ҳам ба мо касе муроҷиат накардааст, вале мо бо маълумот дар ин бора дар интернет шинос шуда, ба таҳқиқот оғоз кардем», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти ВКД.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.