Ҳукми 9 соли зиндон ба сарбоз барои қатли ҳамхизмати худ

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбози қисми низомии 06870 «В»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳматовро барои даст доштан дар куштори ҳамхизмати худ Азизҷон Мақсудов ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Хусрав Давлатзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Тоҷиддин Раҳматов мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбози қисми низомии 06870 «В»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳматовро барои даст доштан дар куштори ҳамхизмати худ Азизҷон Мақсудов ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Хусрав Давлатзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Тоҷиддин Раҳматов мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор дониста шудааст.

Санаи 2 марти соли ҷорӣ Тоҷиддин Раҳматов ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ дар лагери солимгардонии «Баҳор»-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Ваҳдат бо фарёди «мепарронам» мили автомати Калашниковро ба сӯи А.Мақсудов рост карда, аз он оташ мекушояд. Тир ба рӯи Мақсудов бархӯрда, ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.