Ду бонки Тоҷикистон дар феҳристи бонкҳои бузургтарини ИДМ

Ду бонки Тоҷикистон бори нахуст ба феҳристи бонкҳои бузаргтарини паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҳамасола аз ҷониби агентии рейтингии «РИА Рейтинг» омода мешавад, шомил шуданд. Маълумот барои рейтинги «200 бонкҳои бузургтарини ИДМ-2016» чун солҳои пешин аз сарчашмаҳои кушод – ҳисоботҳои интишоршудаи бонкҳо, варақаҳои оморӣ ва дигар ҳисоботи бонкҳои марказии ИДМ гирифта шуда, рейтинги имсола аллакай […]

Asia-Plus

Ду бонки Тоҷикистон бори нахуст ба феҳристи бонкҳои бузаргтарини паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҳамасола аз ҷониби агентии рейтингии «РИА Рейтинг» омода мешавад, шомил шуданд.

Маълумот барои рейтинги «200 бонкҳои бузургтарини ИДМ-2016» чун солҳои пешин аз сарчашмаҳои кушод – ҳисоботҳои интишоршудаи бонкҳо, варақаҳои оморӣ ва дигар ҳисоботи бонкҳои марказии ИДМ гирифта шуда, рейтинги имсола аллакай шашум рейтинги ҳамасолаи бонкҳои ИДМ аз рӯи ҳаҷми дороиҳо мебошад.

«Аз тақрибан 1 ҳазор бонкҳои кишварҳои ИДМ ба шумори 200 бонкҳои бузургтарин бонкҳои 11 кишвар дохил гардида, рӯйхати кишварҳо нисбат ба рейтинги соли гузашта боз як мавқеъ (Тоҷикистон) зиёд шуд», – қайд мекунанд муаллифони рейтинг.

Ҳамин тариқ, ҶСК «Агроинвестбонк» бо дороии 550 млн. доллари ИМА ва ҳиссаи 21%-и дороиҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон ба санаи 1 январи соли 2015 дар зинаи 190-ум ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бо дороии 530 млн. доллари ИМА ва ҳиссаи 20,4%-и дороиҳо дар низоми бонкӣ ба аввали соли гузашта мақоми 193-умро касб кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.