Хулосаи муҳаққиқон: Ҳавопаймои Малайзияро «Бук»-и Русия зад

Муҳаққиқони байналмилалӣ эълон карданд, ки ҳавопаймои Малайзия дар фазои Донбасс дар ду соли пеш тавассути мушакандози "Бук"-и Русия зада шудааст. Дар натиҷаи суқути ин ҳавопаймо, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард, 298 сарнишин кушта шуданд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, муҳаққиқони байналмилалӣ рӯзи 28 сентябр ҳангоми муаррифии хулосаашон дар Ҳолланд гуфтаанд, ки мушакандози "Бук"-ро […]

Радиои Озодӣ

Муҳаққиқони байналмилалӣ эълон карданд, ки ҳавопаймои Малайзия дар фазои Донбасс дар ду соли пеш тавассути мушакандози "Бук"-и Русия зада шудааст. Дар натиҷаи суқути ин ҳавопаймо, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард, 298 сарнишин кушта шуданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, муҳаққиқони байналмилалӣ рӯзи 28 сентябр ҳангоми муаррифии хулосаашон дар Ҳолланд гуфтаанд, ки мушакандози "Бук"-ро аз қаламрави Русия ба Украина оварда ва баъди мушакандозӣ ба қаламрави он кишвар баргардондаанд.

Вилберт Пуаллисен, раҳбари пулиси таҳқиқотгари Ҳолланд, дар ин нишаст гуфт, "ба гурӯҳи тафтишотӣ муяссар шуд, ки бахши бузурги хатти ҳаракати мушакандози “Бук” ва мошинҳои ҳамроҳи онро маълум кунад ва дақиқ харитаашро бикашад. Дар аввал аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва муколамаҳои сабтшуда ва сипас аз шаҳодати чанд нафар, ки мошинҳо ва мушакандози “Бук”-ро дидаанд."

Гузашта аз ин, ба қавли муҳаққиқон, ҳавопаймои Малайзия аз маҳалли Первомайск, шаш километр дуртар аз шаҳри Снежное мавриди ҳадаф қарор гирифтааст, ки ин қаламрав дар моҳи июли соли 2014 таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор дошт. Сабти суҳбати телефонии ҷудиоталабон дар ин бора ба ҳайси як далел пешниҳод шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.