Созиши аъзои ОПЕК оид ба коҳиши ҳаҷми истихроҷи нафт

Аъзои ОПЕК (Иттиҳоди кишварҳои истеҳсол ва содиркунандаи нафт) зимни мулоқоти ғайрирасмиии рӯзи чаҳоршанбе, ки дар Алҷазоир баргузор шуд, созиш карданд, то сар аз ноябри соли равон ҳаҷми истихроҷи нафтро тақрибан то ба 700 ҳазор баррел дар як рӯз коҳиш диҳанд. Дар пайи ин тасмим нархи хоми он дар бозори ҷаҳон боло рафт. Бино ба иттилои […]

Радиои Озодӣ

Аъзои ОПЕК (Иттиҳоди кишварҳои истеҳсол ва содиркунандаи нафт) зимни мулоқоти ғайрирасмиии рӯзи чаҳоршанбе, ки дар Алҷазоир баргузор шуд, созиш карданд, то сар аз ноябри соли равон ҳаҷми истихроҷи нафтро тақрибан то ба 700 ҳазор баррел дар як рӯз коҳиш диҳанд. Дар пайи ин тасмим нархи хоми он дар бозори ҷаҳон боло рафт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, намояндагони созмон иттилоъ доданд, ки картели нафтӣ ҳаҷми истихроҷро барои ҳар як кишвар дар нишасти 30 октябри Вена мувофиқа хоҳад кард. ОПЕК нақша дорад, барои беҳбуди вазъи бозори ҷаҳонӣ дастгирии кишварҳои истихроҷкунандаи дигарро низ ба даст орад.

Миёнаҳои соли 2014 нархи нафти хом ду баробар поин рафта буд. Аммо дар пайи эълони созиши кишварҳои узви ОПЕК нархи он дубора беш аз 5% афзоиш ёфт. Қаблан вазири энергетикаи Алҷазоир гуфта буд, ки зарурати ҳалли мушкили истихроҷи беш аз ҳадди нафт ва сармоягузорӣ барои ба эътидол овардани вазъи бозор пеш омадааст.

Картел, ки ба ҳайати он 14 кишвар шомил аст, 40%-и содироти нафтро назорат мекунад. Вале истихроҷкунандаҳои калидӣ, аз ҷумла Русия узви он нестанд. Яке аз омилҳои поинравии нарх дар бозори ҷаҳонӣ "инқилоби варақасанг" дар ИМА – истихроҷи нафт аз варақасанг гуфта мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.