Аз 30 сентябр то 2 октябр дар ҷумҳурӣ ҳарорат босуръат поин рафта, боронҳои шадид ва шамоли сахт дар назар аст.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин рӯзҳо ҳарорат шабона то 17 дараҷа гармӣ ва рӯзона то 20 дараҷа гармӣ поин рафта, дар минтақаи кӯҳистон барф ва дар ноҳияҳои ҷудогона боронҳои шадид пешбинӣ мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ хатари фаромадани селҳо аз эҳтимол дур нест.
«Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад, ки бодиққату ҳушёр бошед. Обуҳавои номусоид ба рафти корҳои кишоварзӣ, чаронидан ва нигаҳдории чорво дар чарогоҳҳо, ҳаракати нақлиёт, фаъолияти корхонаҳои алоқа ва хадамоти коммуналиву энергетикӣ мушкил эҷод мекунад», – таъкид мешавад дар маълумоти Кумита.
Тибқи маълумоти Кумита, аз оғози сол дар қаламрави Тоҷикистон 45 ҳодисаи офатҳои табиӣ рух дода, бар асари он 18 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Соли гузашта офатҳои табиӣ ба ҳалокати 38 нафар шаҳрвандони кишвар боис гардида буданд.


